Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен дар сӯҳбати вижа бо Озодӣ гуфт, артиши НАТО дар Афғонистонро наметавон “нерӯҳои ишғолгар” номид. Ӯ гуфт, низомиёни паймон дар Афғонистон то иҷрои рисолаташон боқӣ хоҳанд монд ва ҳадафи аслии онҳо - таслими масъулият ба мардуми Афғонистон аст.

Қарор аст, дар нишасти Лондон мақомоти Кобул нақшаи муфассали мусолиҳа бо Толибонро муаррифӣ кунанд. Нақшаҳои ҳамсони қаблӣ ба хотири адами пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нарасидани сармоя ноком шуданд. Аммо оё имрӯз вазъ тағйир ёфтааст? Дабири кулли НАТО дар посух ба ин суол гуфт:

“Бале, ба фикри ман вазъ ба куллӣ фарқ хоҳад кард. Пеш аз ҳама, барои он ки ин тарҳ пуштибонии сиёсӣ дорад ва дуввум, барои он ки ман умедворам ҷомеаи байналмилалӣ кушишҳои мусолиҳа ва истиқрори суботро сармоягузорӣ хоҳад кард. Илова ба ин, ман бояд таъкид кунам, ки ин раванди мусолиҳа ва истиқрори суботро бояд ҳукумати Афғонистон сарварӣ намояд. Ман бовар дорам, гурӯҳҳое, ки дар ин раванд ширкат мекунанд, шартҳои онро тибқи Қонуни асосии Афғонистон ва демократия қабул ва риоя мекунанд.”

Ҳамзамон, Расмуссен гуфт, ҳеҷ кадом узви эътилофи байналмилалӣ бо намояндагони Толибон музокироте анҷом надодааст. Ӯ афзуд, агар ҳукумати Афғонистон хоҳиш кунад, албатта кишварҳои НАТО ба раванди мусолиҳа ва истиқрори субот мусоидат хоҳанд кард. Аммо, ба гуфтаи дабири кулли НАТО, муҳим аст, ки сарварии ин равандро ҳукумати он кишвар ба зимма бигирад.

Толибон иддао доранд, ки дар ҷанги Афғонистон онҳо дар ҳоли пирӯзиянд ва дар ин робита саволе матраҳ мешавад, ки агар вазъ ба нафъи онҳо бошад, пас чаро онҳо бояд ба раванди мусолиҳа ва истиқрори субот ҳамроҳ шаванд? Андерс Фог Расмуссен гуфт:

“Онҳо пирӯз нахоҳанд шуд. Мо ғолиб мешавем. Пеш аз ҳама, онҳо идораи Афғонистонро дубора касб нахоҳанд кард, чунки мардуми Афғонистон озодӣ ва демократияро мехоҳанд, онҳо намехоҳанд, ки Толибон баргарданд. Дуввум, барои он ки мо қаблан тасмимҳои муҳим гирифтем. Мо шумораи артишро ба таври чашмрас афзоиш додем. Мо тавонмандии нерӯҳои амниятии Афғонистонро тақвият хоҳем дод. Мо сарбозон ва пулиси Афғонистонро тамрин додем ва онҳо масъулияти таъмини амниятро бар ӯҳдаи худ мегиранд. Саранҷом, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди Афғонистон сармояи бештар ҷудо мекунад ва худи ҳукумати Афғонистон омодааст, то муборизаро бар зидди фасод ва қочоқи маводи мухаддир таҳким бахшад. Ба ҳамин хотир, соли 2010 дар Афғонистон мо шоҳиди пешравиҳои нав ва имкониятҳои бештар хоҳем шуд.”

Дабири кулли паймон афзуд, барои таҳкими робитаҳо ва ҳамоҳангии ҳамкорӣ бо Афғонистон НАТО намояндаи аршади ғайринизомии худро таъин хоҳад кард. Раҳбари НАТО инчунин гуфт, ҳукумати Афғонистон қасд дорад, то соли 2011 шумораи нерӯҳои амниятиашро ба 300 ҳазор нафар расонад ва паймон ин нерӯҳоро бо аслиҳаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин хохад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG