Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳроҷиддин Каримов, муштзани ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков дар шаҳри Бишкек ширкат хоҳад кард.

Ба иттилоъи Абдурашид Маҳмадҷонов, мураббии Меҳроҷиддин Каримов, ин мусобиқа барои муштзани ҷавони тоҷик як давраи омодагӣ ба нахустин Бозиҳои олимпии наврасон, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Сингапур баргузор хоҳанд шуд, маҳсуб мешавад.

Оқои Маҳмадҷонов афзуд, дар мусобиқаи анъанавии байнулмилалӣ ба хотираи Дуйшенқул Шопоков, ки аз 27-ум то 31-уми январ дар шаҳри Бишкек доир мегардад, 114 муштзан аз Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG