Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулодда дар шаҳраки бостонии инкҳо


Мақомоти Перу талош доранд то беш аз ду ҳазор сайёҳонеро, ки дар шаҳраки бостонии инкҳо - Мачу-Пикчу банд мондаанд, тавассути чархболҳои низомӣ ба манотиқи амнтар интиқол диҳанд. Боронгариҳои шадид дар ин минтақа боиси баҳман ва обхезӣ шудааст. Як қисми роҳи оҳан, ки шаҳри Кускоро бо шаҳраки бостонӣ мепайвандад, тахриб гардид.
Дар манотиқи ҷанубу шарқи Перу вазъи фавқулодда эълон шудааст. Бар асари обхезӣ ҳазорҳо нафар бесарпаноҳ мондаанд. Дар ин офати табиӣ дасти кам ду нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG