Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкор шудани ҷасади 24 мусофири ҳавопаймои суқуткарда


Дар соҳилҳои лубнонии баҳри Миёназамин наҷотбахшон ҷасади дасти кам 24 тан аз мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи Ҳабашистонро пайдо карданд. Гуфта мешавад, ки дар ин фоҷиа нафаре аз 90 тан мусофирону сарнишинҳои ҳавопаймо ҷон ба саломат набурдааст. Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома доранд. Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба гуфтаҳои вазири дифоъи Лубнон Илёс Мӯр иттилоъ дод, ки сарнишини ҳавопаймо бо кадом сабабе дастури диспетчери фурудгоҳи Бейрут барои канор рафтан аз минтақаи раъду барқро иҷро накардааст.
Ҳавопаймои Боинг 737, ки аз Бейрут, пойтахти Лубнон, ба шаҳри Аддис-Абеба парвоз мекард, се дақиқа баъд аз тарки фурудгоҳ аз экрани радарҳо нопадид шуд.
XS
SM
MD
LG