Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА мизбони конфаронси кумак ба Ҳаитӣ хоҳад шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, изҳор намуд, ки кишвараш мизбони конфаронси байнулмилалии кумак ба Ҳаитӣ хоҳад буд. Қарор аст, ки ин нишаст моҳи март дар Ню-Йорк баргузор шавад. Изҳороти хонум Клинтон дар конфаронси фавқулоддаи байнулмилалӣ оид ба эҳёи Ҳаитӣ дар шаҳри Монреали Канада садо дод.
Дар ин нишаст тасмим гирифта шуд, ки татбиқи тарҳи дарозмуддати эҳёи Ҳаитӣ шурӯъ шавад. Барои ин тарҳ ҷомеъаи ҷаҳонӣ як миллиард доллар ҷудо хоҳад кард. Жан Макс Белрив, сарвазири Ҳаитӣ гуфт, ки барои эҳёи Ҳаитӣ аз 5 то 10 сол зарур хоҳад шуд.
Ба иттилоъи мақомоти Ҳаитӣ, бар асари заминларзаи шадиди рӯзи 12 январ тақрибан 200 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди як миллион сокинони кишвар бесарпаноҳ мондаанд. Қарор аст, ки вазъи Ҳаитӣ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар баҳсу баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG