Пайвандҳои дастрасӣ

Сармои бесобиқа дар Аврупои марказӣ ва шарқӣ


Бар асари сармои бесобиқа дар Аврупои марказӣ ва шарқӣ даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Дар Руминия тайи панҷ рӯзи ахир аз сармо 22 нафар аз олам даргузаштаанд. Дар бархе аз манотиқи ин кишвар шабона ҳаво то 35 дараҷа сард шуд. Дар Минск, пойтахти Белорус, аз аввалҳои моҳ то имрӯз даҳҳо афроди беманзил ба ҳалокат расиданд. Дар Лаҳистон бошад, фақат рӯзҳои шанбеву якшанбеи гузашта ёздаҳ нафар бар асари сармохурдагӣ дунёро падруд гуфтанд. Рӯзҳои ахир ҳаво дар Булғористон ва Туркия низ ба таври бесобиқа сард шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG