Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нориега ба Фаронса истирдод мешавад


Додгоҳи Олии ИМА изҳор намуд, ки ба тасмими ҳукумат барои истирдоди диктатори собиқи Панама Мануэл Нориега ба Фаронса мухолифат нахоҳад кард. Додгоҳ изҳороти Нориегаи 75-соларо дар бораи он ки ӯ асири низомист ва бояд ба ватан баргардонида шавад, нодида гирифт. Режими Мануэл Нориега соли 1989, баъд аз вуруди низомиёни амрикоӣ ба Панама, суқут кард. Раҳбари мустабид бо иттиҳоми тиҷорати маводи мухадир 17 солро дар зиндон сипарӣ кард. Додгоҳи Фаронса Нориегаро дар ғайбаш бо иттиҳоми “шустушӯи пул” ба даҳ соли маҳбас маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG