Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонс хостори таҳкими мубориза бо ифротгароӣ шуд


Мушовири раисиҷумҳури Амрико оид ба масоили амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс аз Покистон даъват кард, ки мубориза бо ифротгароиро таҳким бубахшад. Ҷонс ба фардои рушди минтақа, ки Вошингтон ба он ҷо, барои идомаи мубориза бо шабакаи “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон”, даҳҳо ҳазор сарбозони иловагиро интиқол медиҳад, хушбин нест. Мушовири Обама мутмаин аст, Вошингтон ба ҳадафҳои худ дар Афғонистон фақат дар ҳоле мерасад, ки муборизаи Исломобод бо гурӯҳҳои ошубгару ифротӣ дар қаламрави Покистон муваффақ бошад.
XS
SM
MD
LG