Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: Афғонҳо бозгашти толибонро намехоҳанд


Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, дар сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҳукумати Афғонистон барои гомҳои мустақилона дар роҳи мусолиҳаи миллӣ иҷоза бояд дод. Ба гуфтаи ӯ, мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” наметавонанд аз болои артиш пирӯз шаванд. Аз сӯи дигар, аз нигоҳи Дабири кулли НАТО, ошӯбгарон имкони дар Афғонистон барои соҳиби қудрат шуданро ҳам надоранд, зеро мардуми кишвар хостори озодиву демократия ва мухолифи бозгашти толибонанд. Андерс фог Расмуссен афзуд, ки дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон, ки 28 январ дар Лондон баргузор мешавад, мавзӯъи интиқоли масъулияти авзоъ дар кишвар бар ӯҳдаи ҳукумати Афғонистон – аз мавзӯъҳои калидӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG