Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаҳои Русия ҷиҳати харидории киштиҳои ҳарбӣ ва фанновариҳои низомӣ аз Фаронса ва кишварҳои пешрафтаи дигар, давлатҳои ҳошияи баҳри Балтик ва баҳри Сиёҳро, ки як замон узви Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, шадидан нигарон кардааст.

Ҳарчанд коршиносон ҳуҷуми ногузири Русия ба ин давлатҳо, ба хусус ба Гурҷистонро, рад мекунанд, ҷанги ахири Русия алайҳи Гурҷистон дар соли 2008 чашми ин кишварро сахт тарсонидааст.
Ба ин хотир, ки киштӣ метавонад нақшҳои мухталиф дошта бошад. Он метавонад, чархболҳоро бикашонад, бемористон бошад ва бо муҳоҷирон сарукор бигирад...

Аз сӯи дигар эҳтимоли харидории силоҳи давлатҳои ғарбӣ аз ҷониби Русия иттиҳоди ин давлатҳоро дар дохили Паймони Атлантики Шимолӣ зери суол бурдааст.

Коршиносони ин соҳа мегуянд, дар роҳи дастрасӣ ба силоҳи замонавӣ Руссия заминаро дар чандин кишвари Аврпуо ламс кардааст. Дар рӯйхати хариди Русия киштии 200-метрии Мистрал-Класс, сохти Фаронса низ ворид шудааст, ки асосан дар набардҳои баҳрӣ истифода мешавад.

Паул Ҳолтом, коршиноси соҳаи силоҳ аз Пажӯҳишгоҳи Стогҳолми Швеция мегӯяд: "Сухангӯи оҷонсии Вазорати дифоъи Фаронса дар умури содироти силоҳ ин киштиро "корди артиши Швеция" унвон кардааст. Ба ин хотир, ки киштӣ метавонад нақшҳои мухталиф дошта бошад. Он метавонад, чархболҳоро бикашонад, бемористон бошад ва бо муҳоҷирон сарукор бигирад."

Киштии Мистрал- Класс ҳамзамон гунҷоиши 900 низомӣ, 35 чархбол, 70 мошини боркаш, 13 танк ва лавозимоти дигарро дорад. Фаронса ҳоло ду киштии Мистрал- Класс дорад, ки номи яке Мистрал ва дигаре Тонерре будааст. Холтом мегӯяд то ҳол ин ду киштӣ дар маъракаҳои таҳкими сулҳ ва амалиёти зидди қочоқи маводи мухаддир иштирок кардаанд. Яъне, фаъолияти ин киштӣ ба чигунагии авзоъ бастагӣ дорад. Бо назардошти нақшҳои мухталиф мақомоти Фаронса гуфтаанд,ки Мистрал-Класс киштии низомӣ нест.

Аммо Русия махсусан ба ҳамин тавони ҳарбии Мистрал Класс таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Владимир Висоцкий, фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Русия гуфтааст, агар соли 2008, дар ҷанг бо Гурҷистон Русия Мистрал-Класс медошт, кореро, ки дар 25 соат анҷом дода буд, дар 40 дақиқа ба сомон мерасонд.

Вокуниши Гурҷистон ба эҳтимолии харидории Мистрал-Класс аз тарафи Русия шадид буд. Вазири умури хориҷии ин кишвар Григол Вашадзе дар Пажӯҳишгоҳи Равобити Байналмилалии Париж гуфтааст, нияти киштихарии Русия Тифлисро ниҳоят нигарон кардааст. Латвия ва Литва, ду кишвари соҳили Балтик дар ин замина ҳушдор додаанд, ки ҳузури киштиҳои Мистрал-Класс дар баҳри Балтик мувозинати нерӯҳоро баҳам мезанад ва барои тадобири ҷавобӣ роҳ мекушояд. Ин ду кишвар аз Фаронса хостаанд, ки аз фурӯши киштӣ ба Русия худдорӣ ва ҳамчунин аз Вашинтон хостаанд, ки ба қазия дахолат кунад.

Аз сӯи дигар бисёр коршиносон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, ин нигаронӣ, ки Мистрал-Класси Русия ногузир ба ҳамсояҳо таҳдид хоҳад кардро рад карданд. Ҷонатан Эял раҳбари бахши омӯзишҳои амниятии Пажӯҳишгоҳи салтанатии Лондон мегӯяд, ки ҳоло на Русия ва на паймони Атлантики Шимолӣ хоҳиши сабқати силоҳро надоранд.

Аммо ӯ ҳамзамон эътироф мекунад, ки харидуфурӯши кишварҳои Аврупои Ғарбӣ бо Русия якҷо бо нигарони кишварҳои Аврупои Шарқӣ аз ин масъалаи мавзуи сатҳи ҳамдилӣ дар дохили НАТО-ро ба миён меорад. "Баҳсҳои ҷиддие дар дохили НАТО ҷараён доранд, ки оё густариши НАТО воқеан ба маъноест, ки паймон якпорчагии кишварҳои узвро ҳимоят мекунад. Ин баҳсҳоеянд, ки дар заминаи баррасии консепсияи стратегии НАТО ҷараён доранд."

Муроҷиати кишварҳои Аврупои шарқӣ ба Вашингтон то ҳол натичаи чашмрас надодаст. Фаронса ва Олмон ду сарвари ҷиноҳи мухолиф мегӯянд, ин гуна бархӯрд бо Русия ба тавтеъа монанд аст. Аврупо бояд Русияро шарики стратегӣ бишиносад ва ҳамоишти тадриҷии онро бо куллиАврупо таъмин кунад. Мавзӯи фурӯши Мистрал-Класс ба Русия ҳануз подарҳавост. Ҳарчанд Фаронса ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, рӯшан аст ки ин кишвар бо Русия наздикӣ меҷӯяд.

Аз сӯи дигар коршиносон мегӯянд, Маскав барномаи тақвияти қудрати низомиро рӯи даст гирифтааст ва харидории Мистрал-Класс танҳо як ҷузъи ин барнома арзёбӣ мешавад. Бо таҳкими нирӯҳои баҳрӣ, Русия ҳамчунин тавони мушакбарҳои ҳастаӣ ва нирӯҳои ҳавоиро афзоиш медиҳад. Ҳоло гуфтушуниди ин кишвар бо давлатҳои Скандинавия, Италия ва Исроил бар сари харидории силоҳҳои пешрафтаи замонавӣ идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG