Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20-солагии ҷунбиши Асҳар дар Қирғизистон


Имрӯз ҷунбиши сиёсии Қирғизистон бо номи Асҳар 20-ӯмин солгарди нахустин тазоҳуроти зидди Шӯравӣ дар Қирғизистонро хотирнишон кард. 25-26-ӯми январи соли 1990 ҳазорон нафар аъзои асҳар дар майдони Ала Тоу, ки он вақт чун майдони ба номи Фрунзе машҳур буд, гирдиҳам омаданд ва тақозо карданд, ки ба қирғизҳои пойтахт бештар хона ва ҷои кор диҳанд. Онҳо ҳамчунин хостори боло бурдани нақши забони қирғизӣ ва хотима додан ба муҳокимаи раҳбарони Асҳар шуда буданд. Ҷунбиши Асҳар соли 1989 таъсис ёфта буд.
XS
SM
MD
LG