Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев бо сарони Озарбойҷону Арманистон вохӯрд


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Сочии ин кишвар бо руасои ҷамоҳири Озарбойҷону Арманистон мулоқот кард, то масъалаи Қарабоғи кӯҳистониро баррасӣ кунад. Озарбойҷону Арманистон қаламрави ин минтақаро хоки худ медонанд ва миёни ин ду кишвар ҷангҳо низ даргирифтааст, ки соли 1994 бо оташбаси душвор ба поён расид. Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия баъд аз мулоқоти сеҷониба ба рӯзноманигорон гуфт, ҷонибҳо дар бораи усули аслии як санад дар бораи ҳали муноқишаи Қарабоғи кӯҳистонӣ ба тавофуқ расидаанд. Бо вуҷуди ин, Лавров мегӯяд, дар бораи роҳҳои расидан ба тавофуқ ва ҳали масъалаи Қарабоғи кӯҳистонӣ ихтилофи назари ҷонибҳо боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG