Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи саҳмияфурӯшӣ дар донишгоҳ


Дар Донишгоҳи шаҳри Хоруғ маросими хариди дастҷамъии саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун баргузор шуд.

Ноиби садри донишгоҳ Мамад Алимшоев гуфт, ки ба ҳол омӯзгорону муҳассилини донишгоҳ ба маблағи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯён дар хариди саҳмияҳо довталабона ширкат доранд ва онҳое, ки дар бахшҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд, идрорпулии семоҳаашонро барои Роғун мегузаронанд.

Ба ҷамъоварии туту талқон дар макотиб низ хотима дода шуд, зеро гуфта шуд, ки ба истеъмоли чунин ғизо дигар ниёз нест ...
Омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиноси Қурбонназар Таҳуров ба ду ҳазор сомонӣ саҳмия харид кардааст. Аммо як зани омӯзгори кафедраи физика баён дошт, ки мехоҳад барои Роғун кумак кунад, аммо азбаски пул надорад,ба ҳайси тамошогар дар маросим ширкат меварзад.

Аммо Зуҳро, як донишҷӯи иштирокчии маросим гуфт, ки хариди саҳмия барои донишҷӯён амри иҷборӣ будааст. Вай мегӯяд, чӣ тавр донишҷӯёне, ки аз маҳаллҳои дурдаст дар маркази вилоят таҳсил мекунанд ва 45 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд, метавонанд саҳмия бихаранд?

Вале ба гуфтаи донишҷӯи бахши ғоибонаи риштаи таърих ва ҳуқуқ Суҳроб Соҳибқадамов, агарчи алҳол вай дар киса пул надорад, вале то имтиҳоноти оянда бовар дорад аз ҳисоби кумакпулии додараш, ки дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ мебошад, бо сад сомонӣ саҳмия хоҳад харид.

Ахиран мавҷи хариди саҳмияҳои Роғун ба Бадахшон низ расида, кормандони идораву муассисот ва нафақахӯронро низ дар канор нагузоштааст. Роҳбарони ниҳодҳои вилоятӣ муаззаф шудаанд, ки ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ саҳмияи номӣ бихаранд. Ба масъулини сохторҳоии ноҳиявӣ тавсия шудааст, ки ба маблағи то 2 ҳазор сомонӣ дар бунёди нерӯгоҳ саҳм бигиранд.

Аммо як нафар корманди мақомоти ноҳия гуфт, ки вай 450 сомонӣ маош мегирад ва акнун барои аз даст надодани вазифа ва дарёфти саҳмия маҷбур аст, ба писаронаш, ки дар муҳоҷират пул кор мекунанд, муроҷиат намояд.

Қаблан як зан аз ноҳияи Ишкошим барои Роғун як сар гов хайрия кард. Аммо ба ин зан гуфтанд, ки барои Роғун гови зинда не, балки пул лозим аст ва гӯшти гов дар бозори ноҳия фурӯхта шуда, маблағаш ба суратҳисоби Роғун ирсол гардид.

Ба ҷамъоварии туту талқон дар макотиб низ хотима гузошта шуд, зеро гуфта шуд, ки ба истеъмоли чунин ғизо дигар ниёз нест.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои мақомот, дар Бадахшон беш аз 5 миллион сомонӣ саҳмия фурӯхта шудааст. Аммо мақоми аввали вилоят дар ҷаласа таъкид кардааст, ки онҳо барои боло бурдани ин арқом то ба 50 миллион сомонӣ талош хоҳанд варзид.

Вале мутахассисони риштаи иқтисод дар шароити адами корхонаҳои тавлидотӣ дар минтақа кӯшиши рӯёндани 50 милллион сомониро аз мардум, ки ба 70 дарсади буҷаи солонаи вилоят баробар будааст, ғайривоқеӣ мешуморанд.

Аммо роҳбари як сохтори мақомоти вилоятӣ дар робита бо саҳмияи Роғун ҳангоми мулоқот бо журналистон пешниҳоди аҷибе кард. Вай баён дошт, ки ашхоси зиёде дар кишвар тайи қариб ду даҳсолаи ахир аз Мурғоб то Кӯлобу Суғд пулу моли давлатро дуздиданд ва амволашро бо нархи ночиз хусусӣ карданд.

Ба гуфтаи ӯ, вақти он расидаст, ки чунин афрод молу амволи муфт ба даст омадаро ба таври саҳмия ба мардум баргардонанд, то ҳам нерӯгоҳ сохта шавад ва ҳам ин афрод боз битавонанд фоидаи дучанд гиранд.
XS
SM
MD
LG