Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакӣ ҳангоми боздиди вазири дифоъ


Ҳангоме, ки Николай Младенов-вазири дифоъи Булғористон аз баъзе воҳидҳои низомии кишвараш мустақар дар пойгоҳе дар наздикии Қандаҳори Афғонистон боздид мекард, мушаке ба сӯи ин пойгоҳи низомӣ партоб шуд. НАТО мегӯяд, дар ин ҳамла 4 сарбози булғор ва 4 сарбози румин захмӣ шудаанд. Аммо вазири дифоъи Руминия ҷароҳати танҳо 2 сарбози худро таъйид кард. Мушак дар 400 метрии вазири дифои Булғористон ва ҳайати ҳамроҳонаш ба замин афтид. Касе аз меҳмонон осеб надидааст. Бештар аз нисфи нируҳои 500 нафарии Булғористон дар Қандаҳор мустақаранд.
XS
SM
MD
LG