Пайвандҳои дастрасӣ

"Алии Химик" ба дор кашида шуд


Гузоришҳо аз қавли сухангӯи ҳукумати Ироқ хабар додаанд, ки Ҳасан ал Маҷид, ки бо номи мустаори "Алии Химик" машҳур буд, ба дор кашида шудааст. Додгоҳи Ироқ "Алии Химик" яке аз ёрони сарсахти Саддом Ҳусейнро 17-ӯми январ ба муҷозоти эъдом маҳкум кард. Вай дар соли 1988 дастур додааст, ки ба шаҳри курднишини Ҳалабҷо бо гази заҳрогин ҳамлае анҷом диҳанд. Дар ин ҳамла тақрибан 5 000 нафар кушта шуданд ва акнун гуфта мешавад, ки то кунун дар таърихи башарият ин гуна ҳамлаи густардаи газӣ анҷом нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG