Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсири нархи пахта ва алюминиум ба қурби сомонӣ


Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, болоравии қурби сомонӣ ба далели афзоиши воридоти пул аз хориҷа ва боло рафтани қимати пахта ва алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ сурат мегирад.

Бино ба гузориши ин манбаъ, аз оғози соли равон то ба ҳол, яъне тайи 25 рӯз қурби як доллар дар дӯконҳои мубодилаи арзи Тоҷикистон аз 4 сомониву 44 дирам ба 4 сомониву 35 дирам поён омадааст.

Тайи як соли охир қурби сомонӣ 26 дарсад поён ва як доллар аз 3 сомониву 40 дирам то ба 4 сомониву 45 дирам боло рафт. Аксари коршиносон ду далели поин рафтани қурби сомониро номбар мекунанд. Яке, коҳиши нархи пахтаву алюмин (арзиз) ва дигаре, кам шудани воридоти пули муҳоҷирони корӣ.

САҲМИЯҲОИ РОҒУН ВА ҚУРБИ СОМОНӢ

Аммо ҳоло бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки боло рафтани қурби пули миллӣ ба маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун низ рабт дорад. Оё чунин аст?

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, боло рафтани қимати сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ ба маболиғе, ки аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба даст омадаанд, рабте надорад.

Раҳимзода дар нишасти хабарӣ афзуд, тайи ду даҳаи моҳи равон вуруди пули шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 15 дарсад афзудааст ва низ қимати алюмин ва пахта дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст.

Вай гуфт, «хато накунам, қимати 1 тонна алюминий ба 1700 доллар боло рафта, ҳоло қариб ба 2281 доллар расидааст. Нархи пахта аз 700–800 доллари қаблӣ ҳоло ба 1681 доллар расидааст. Ин асос аст барои пешбиниҳои хуб.»

Ин се омилро раиси Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои аслии боло рафтани қурби пули миллӣ арзёбӣ кард.

АФЗОИШИ НАРХИ ПАХТА ВА АРЗИЗ

Дар ҳамин ҳол, яке аз масъулини ширкати алюминиуми Тоҷикистон ё Талко дар сӯҳбати бидуни микрофон болоравии қимати алюминий дар бозори ҷаҳониро таъйид карда, гуфт, қимати 1 тоннаи он то 1200 доллар поин рафта, ҳоло қариб ба 2300 доллари амрикоӣ дакка мехӯрад. Ӯ ин афзоишро мусбат арзёбӣ кард, аммо гуфт, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар рушди кишвар қимати арзиз бояд лоақал ба 3200 доллари қабл аз бӯҳрон расад.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз раҳбарони яке аз корхонаҳои коркарди пахта, мегӯяд, хушбахтона, қимати пахта имсол боло рафт, аммо ин боиси хурсандии корхонаҳо шуда натавонист.

Вай афзуд, «зеро имсол харидор набуд. Солҳои пеш моҳи август харидорҳо аллакай омада, илтимос карда, пахтаро пешакӣ мехариданд. Аммо имсол фурӯшандаҳо аз паси харидор ҳастем. Ба болои ин пахта кам буд. Худи корхонаи мо 800 тонна нах фурӯхт. Ҳар сол 13 ҳазор тонна пахта мехаридем, имсол бошад 2 ҳазору 600 тонна харидем. Пахтаро бо нархи ҳозира не, бо нархи пешин фурӯхта будем».

Оқои Тӯраҷонзода афзуд, аз 1500 доллар сари тонна пахта 15 дарсад ҳукумат андоз мегирад, қариб ҳамин қадари дигар харидорони пахта тахфиф, ё «скидка» мехоҳанд ва 160 доллари дигар хароҷоти роҳ аст, ки низ ба зиммаи фурӯшандагони пахта аст. Оқои Тӯраҷонзода гуфт, ба гумон аст, ки каме беш аз 1000 доллари сари тонна ва ҳам дар шароити коҳиши истеҳсол қимати пахта ба қурби пули миллӣ ва иқтисоди кишвар таъсири ҷиддӣ гузошта тавонад.

ХУШБИНИҲО ВА ИНТИЗОРИҲОИ КОРШИНОСОН

Дар ҳамин ҳол, академик Нуриддин Қаюмов мегӯяд, болоравии қурби сомонӣ барои иқтисоди Тоҷикистон ояндаи некеро пешбинӣ мекунад, аммо ин ҳама ба он хотир аст, ки дар кишварҳои пешрафта, дар мисоли ИМА вазъи бӯҳронӣ ба охир мерасад ва иқтисодашон ба ҷодаи рушд ворид мешавад.

Оқои Қаюмов назари он коршиносонеро, ки мегӯянд, болоравии қурби сомонӣ ба ҷамъ шудани маблағи зиёд аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун вобастааст, инкор карда, гуфт, «пуле, ки барои нерӯгоҳи Роғун ҷамъ кардем, пули дохилӣ аст ва ба қурби сомонӣ он қадар алоқамандӣ надорад. Ин пеш аз ҳама ба бозори ҷаҳонӣ ва боло рафтани нархи алюминиуму пахта вобаста аст».

Коршиносон мегӯянд, болоравии имрӯзаи қурби сомонӣ дар ҳоли ҳозир ҳанӯз пешрафти ҷиддӣ буда наметавонад. Онҳо мегӯянд, сатҳи зиндагии мардум ҳамчунин ба он вобаста аст, ки аз буҷаи давлат чӣ қадар маош ё нафақа мегиранд ва то куҷо таъмини зиндагии хешро аз дохили кишвар ба роҳ мемонанд.

Аммо Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мегӯяд, кишварҳои ҳамкори Тоҷикистон аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ берун мешаванд ва воридоти маблағ аз онҳо ҳам меафзояду иқтисоди кишвар ҳам ба ҳолати қабл аз бӯҳрон бармегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG