Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагон дар Бағдод ба 24 нафар расид


Бино ба гузоришҳо, дар се инфиҷори Бағдод-пойтахти Ироқ дастикам 24 нафар кушта, 42 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Як инфиҷор дар соҳили шарқии руди Даҷла дар назди даромадгоҳи меҳмонсарои Иштар Шератон, инфиҷори дигар дар меҳмонсарои Бабилон рух додааст, мемонсарое, ки бештар дар он ҷо сайёҳони ироқӣ мезистанд ва гоҳо мақомоти ҳукумати Ироқ низ дар он ҷо ҷаласаҳои худро баргузор мекарданд. Инфиҷори севвум дар назди меҳмонсарои Ҳамра рух додааст, меҳмонсарое, ки бисёрии рӯзноманигорони хориҷӣ дар он ҷо иқомат мекарданд. Дар ин бора пулиси Бағдод ба хабаргузории Ройтерз иттилоъ додааст. Ахирин инфиҷори бузург дар Бағдод 8-ӯми декабр рух дода буд ва дар он 100 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG