Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди Тоҷикистон барои сулҳ дар Афғонистон


Амирқул Азимов-дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон дар остонаи мулоқоти Лондон роҷеъ ба Афғонистон ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, масъалаи Афғонистонро намешавад аз роҳи зӯр ҳал кард. Вай чунин роҳи ҳалро комилан иштибоҳ номидааст. Оқои Азимов пешниҳод кардааст, ки ҳукумати президент Карзай бояд бо мухолифон ба гуфтугӯ нишинад. Вай изҳори таассуф кардааст, ки дар муддати 9 сол нируҳои эътилоф натавонистаанд вазифаи худро иҷро кунанд. Вай гуфтааст, ҳузури ин нируҳо дар Афғонистон баръакс мухолифати ал Қоида ва Толибонро шадидтар мекунад. Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон бар ин ақида аст, ки мухолифатҳо дар Афғонистон пайомади тақсими аҳолии кишвар ба гурӯҳҳои милливу қавмист. Вай пешниҳод кардааст, ки зери назари СММ як кумиссиюн ё ниҳоди доимӣ роҷеъ ба суботи вазъ дар Афғонистон ташкил шавад, ниҳоде, ки дар он намояндагони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳодияи Аврупо, НАТО, Созмони конфронси исломӣ, Амрико ва Ҳиндустон узвият дошта бошанд. Ба ин ниҳод гурӯҳи нозирони байналмиллалӣ, иқтисоддонон ва мушовирони сиёсӣ бояд шомил шаванд ва дар қадами аввал ин гурӯҳ бояд оташбаси ҷонибҳоро таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG