Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи 43 кило мухаддирот аз шаҳрванди Афғонистон


Кормандони Оҷонси мубориза бо қочоқи маводди мухаддир як гурӯҳи муташаккили байналмилалиро ошкор ва беш аз 43 килограм маводи нашъаоварро мусодира кардаанд. Саъдулло Раҳматуллоев, масъули ин оҷонс, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ муддати тӯлонӣ ба интиқоли ғайриқонунии маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва баъдан ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия машғул буд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи амалиёти тӯлонӣ раҳбари ин гурӯҳ, ки шаҳрванди Афғонистон аст, бо 43 килограм мухаддирот дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дастгир шудааст. Дар ин робита парвандаи чиноӣ ифтитоҳ шудааст ва аъзоёни дигари гурӯҳи муташаккил ҷустуҷӯ мешаванд.
XS
SM
MD
LG