Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифони Мянмар раҳо мешавад


Бино ба гузоришҳо, Аун Сан Су Чӣ-раҳбари мухолифони Мянмар дар моҳи ноябр аз ҳабси хонагӣ раҳо хоҳад шуд. Дар ин бора генерал Маун Оо-вазири дохилаи ин кишвар дар як ҳамоиши ахири расмӣ иттилоъ додааст. Манобеи мустақил ин хабарро таъйид накардаанд, вале ду нафар, ки дар ин мулоқот дар шаҳраки Киёкпадан ширкат кардаанд, гуфтаанд, ки вазир ин нуктаро дар мулоқот бо садҳо нафар изҳор доштааст.
XS
SM
MD
LG