Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озими Туркия шуд


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои ширкат дар Ҳамоиши минтақавии ҳамсоякишварҳои Афғонистон озими Туркия шуд. Дар ин ҳамоиш, ки қарор аст фардо баргузор шавад, сарони кишварҳои Туркия, Афғонистон, Покистон, ҳайатҳои баландпояи Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон, Чин, Бритониё ва ҳамчунин намояндагони Созмони конфронси исломӣ иштирок мекунанд. Бино ба иттилои дафтари матуботии Вазорати корҳои хориҷӣ, пас аз анҷоми ҳамоиши Истанбул Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин дар Конфронси байналмилалии доир ба масоили Афғонистон дар Лондон ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG