Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳи сулҳ бо Толибон вуҷуд дорад?


Стейнлӣ Мак Кристал-фармондеҳи нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯяд, бо Толибон "ба андозаи кофӣ" задухӯрд сурат гирифтааст ва вай ишора кардааст, ки музокироти сулҳ бо Толибон мумкин аст роҳи расидан ба поёни ҷанг дар Афғонистон бошад. Мак Кристал дар мусоҳибае бо шумораи имрӯзаи рӯзномаи "Financial Times" гуфтааст, ба бовари вай вуруди 30 000 нафар нируи изофии Амрико ба Афғонистон Толибонро заиф хоҳад кард ва онҳо ба сулҳ розӣ хоҳанд шуд. Вай ин нуктаро дар остонаи конфронси байналмиллалии Лондон роҷеъ ба вазъи Афғонистон изҳор доштааст. Ин конфронс 28-ӯми январ шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG