Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар блогистони Озодӣ навиштаи Салими Аюбзод -- "Се гузинаи фарҳанги шаҳрдорӣ"-ро хондам ва ба ёд овардам, ки мехостам, дар ин бора тирамоҳи гузашта дар блогам бинависам.

Чи хеле, ки дар аксҳо мебинед илова ба таҳсил боз ба хазонҷамъкунӣ банд будам, хеле серкор будам ва блогам муддати тӯлонӣ хомӯш аст. Умедворам, ки битавонам дар рӯзҳои наздик онро барӯз намоям.


Дар хотир дорам, ки дар хиёбони Рудакӣ, дар назди истгоҳҳо қуттиҳои нави махсус барои зарфҳо ва қоғазҳо гузошта шуда буданд. Берун аз маркази шаҳр ба назар мерасад, ки пур аз партов аст.

Тирамоҳи гузашта дар вақти хазонрез дар Амрико дар маҳаллаи мо эълонҳо ҳамаҷо часпонида шуда буданд. Дар лавҳаи китобхонаи марказӣ низ як эълон "Bag It! - Онро халта кун!" часпонида шуд буд. Дар фасли хазонрезӣ ба ҳама сокинони маҳаллаи мо халтаҳои қоғазӣ меоранд ва ҳар кас бояд хазонро ҷамъ карда ба халта гузоштанаш лозим. Ҳавлии моро хазони тилоранг пӯшида буд ва санҷобҳо дар гирду атроф бозӣ мекарданд. Ҳамсояи ман як асбоби электрониашро гирифта ҳамаи хазонҳоро пуф кард ва ҳамроҳ ба халтаҳои қоғазӣ гузоштем.

Аз ҳамсоя пурсидам, ки чаро ин хазонҳоро мисли мо дар Тоҷикистон ғун карда намесӯзонад. Гуфт хазонсӯзонӣ қонунвайронкунӣ аст ва агар хазонро сӯзонад, аз ӯ ҷарима ситонида мешавад. Аз рӯи гуфтаҳои ҳамсоя хазонсӯзӣ як чанд сол пеш манъ шудааст. Сӯхтан аз як тараф ба табиат зарар меорад, инчунин боиси сӯхтор шуданаш мумкин аст. Баъд халтаҳои хазонро дар назди роҳ қатор кардем. Як мошини махсус омада халтаҳоро гирифта бурд. Пас аз чанд рӯз маълум шуд, ки ин хазонҳоро майда карда барои киштукор ҳамчун нируи минералӣ истифода мебаранд ва дар ҳолати лозимӣ ройгон ба мардум хазони майдаро дар халтаҳои қоғазӣ бармегардонад, то онҳо дар майдончаи назди ҳавлигии худ онро истифода баранд. Инҷо ҳама барои ҳиссагузорӣ ба паст кардани тағйири иқлим гирду атрофи хонаи худро бо чаманзор (газон) табдил медиҳанд.

Умуман ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе мошини махсус партовҳои моро аз назди ҳавли гирифта мебарад. Барои ҳар як хонавода қуттиҳои махсус дода шудааст, ки онро мошин бо таври автоматӣ боло бардошта холӣ мекунад. Илова ба ин куттии махсус боз як қуттии кабуд ҳам ҳаст ва ба он зарфҳои нолозим одатан алоҳида гузошта мешаванд. Ҳар як зарф ё куттии алюминӣ аз Кока-Кола ва обҳои газдор 5 сент аст ва ин як навъи даромад ба корхонаҳои коркарди дубора -- Recycling мебошад. Хоҳишмандон метавонанд зарфҳо ва журналу рӯзномаҳоро ба марказҳои махсус барои гирифтани кортҳо бисупоранд. Кортҳоро барои харидани ягон мавод истифода бурдан мумкин аст.

Хуб мешуд, агар дар Тоҷикистон ҳам корхонае барои коркарди такрории коғаз, зарфҳои алюмин, шиша ва пластик ташкил карда мешуд ва аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта меомӯхтем. Ҳам фоида мешавад ва ҳам гирду атроф тозаву озода.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG