Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои эфиопӣ дар баҳри Миёназамин


Субҳи имрӯз як ҳавопаймои Боинг-737 мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Эфиопия бо 85 сарнишин ва 7 халабон дар баҳри Миёназамин суқут кардааст.

Хабаргузориҳои ҷаҳон бо истинод ба сарчашмаҳои мақомоти маҳаллӣ навиштаанд, ки ҳавопаймои эфиопӣ субҳи рӯзи душанбе мебоист аз фурӯдгоҳи Лубнон ба Эфиопия парвоз мекард, вале пас аз панҷ дақиқаи парвоз дар баҳри Миёназамин сарозер шудааст.

Ҷустуҷӯи ҳавопаймо то ин соат натиҷае надодааст ва сарнавишти 85 сарнишин ва 7 халабони он норавшан боқӣ мемонад.

Яке аз фарзияҳои нахустинро оташ гирифтани ҳавопаймо пас аз парвоз унвон мекунанд. Шоҳидони айнӣ ба хабаргузориҳо нақл кардаанд, ки лаҳзаи ба баҳри Миёназамин фурӯ рафтани ҳавопаймои оташгирифтаро бо чашмони худ дидаанд.

Аксари сарнишинони ҳавопаймои суқуткарда муҳоҷирони кории эфиопӣ будаанд. Ҳарсола ҳазорон шаҳрванди кишвари камбизоати Эфиопия, воқеъ дар шимолу шарқи Африқо, дар ҷустуҷӯи кор озими Лубнон ва дигар кишварҳои минтақа мешаванд.
XS
SM
MD
LG