Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои нави кумак ба мардуми Ҳаитӣ


Имрӯз дар шаҳри Монреали Канада конфаронси байнулмилалӣ ба хотири кумак ба Ҳаитӣ баргузор мешавад. Вазирони умури хориҷаи ИМА, Фаронса ва бархе аз кишварҳои Амрикои Лотин мавзӯъи ҷамъ овардани як миллиард доллар кумаки фаврӣ ба ин кишвари аз заминларза осебдидаро баррасӣ мекунанд. Аз ин пеш кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эълом доштанд, ки ба Ҳаитӣ ба маблағи 575 миллион доллар кумаки молӣ хоҳанд кард.
Бар асари заминларзаи мудҳиш фақат дар пойтахти Ҳайтӣ - шаҳри Порт-о-Пренс тақрибан 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дирӯз вазорати милли мухобирот иттилоъ дод.
Рӯзи якшанбе дар Ҳаитӣ бори дигар замин ларзид ва ин дафъа нерӯи заминларза ба 5,5 дараҷаи Рихтер баробар буд. Маркази заминларза дар 40 километрии ғарби Порт-о-Пренс ҷойгир будааст. Дар бораи хисорот бар асари ин ҳодиса иттилоъ нарасидааст.
XS
SM
MD
LG