Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни заминларзаи Ҳаитӣ


Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш фақат дар шаҳри Порт-о-Пренс, пойтахти Ҳаитӣ, аз 150 ҳазор нафар бештар аст. Дар ин бора вазорати милли мухобироти Ҳаитӣ иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки рӯзи шанбе наҷотбахшон як марди 24-соларо аз зери харобаҳои як меҳмонсаро берун карданд. Ӯ 11 рӯз зери оворҳо буд ва, тавре ба хабаргузориҳо гуфтааст, тамоми ин рӯзҳо ба маводи озуқаи дукони меҳмонсаро дастрасӣ доштааст.
XS
SM
MD
LG