Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Булғористон шоҳиди мушакборон шуд


Вазири дифоъи Булғористон Николай Младенов рӯзи якшанбе шоҳиди мушакборони пойгоҳи низомӣ дар вилояти Қандаҳори Афғонистон шуд. Ҳангоми мулоқоти ӯ бо сарбозони булғорӣ ба пойгоҳ мушак андохта шуд. Дар ин ҳодиса чаҳор низомии булғори нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО ҷароҳат бардоштанд. Ба вазири дифоъ осебе нарасидааст.
Қарор аст сафари Николай Младенов ба Афғонистон то рӯзи панҷшанбе идома кунад.
XS
SM
MD
LG