Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод тарҳи буҷаро муаррифӣ кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод тарҳи буҷаи кишварро ба Маҷлис ироа намуда гуфт, ки ҳангоми таҳияи он ба коҳиши вобастагии Эрон аз даромади нафт “таваҷҷуҳи хоса” зоҳир шудааст. Иқтисоди Эрон пойбанди содироти нафт аст ва фурӯши ин маводи сӯхт аз 40 то 50 дар сади даромади буҷаи кишварро ташкил медиҳад.
Раисиҷумҳури Эрон зимни муаррифии буҷа дар Маҷлис ба 8 дар сад боло рафтани иқтисоди кишвар дар соли 2010-ум изҳори хушбинӣ кард. Тибқи омори расмӣ, рушди иқтисод дар Эрон соли гузашта ҳамагӣ 2,5 дар садро ташкил дод. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии буҷаи Эрон барои соли молии оянда 368 миллиард доллар муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG