Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли шаш нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Амрико


Мақомоти Покистон ҷасади шаш нафарро ёфтаанд, ки ҷангҷӯёни Толиб онҳоро ҷосуси Амрико хонда ва куштаанд. Ҷасади тирхӯрдаи ин афродро дар канори роҳе дар рустои Камсаробӣ воқеъ дар минтақаи қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ пайдо кардаанд. Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, дар либоси мақтулон, ёддоштҳоеро пайдо кардаанд, ки дар он ин афрод ба ҷосусӣ барои Амрико ва кӯмак дар мушакандозӣ ба зидди Толибон муттаҳам мешаванд. Моҳи ахир бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин чандин дафъа ба паноҳгоҳҳои Толибон дар Вазиристони Шимолӣ ҳамла карданд, ки такягоҳи аслии ҷангҷӯёни Толиб ва Ал- Қоида маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG