Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аслияти навори Бен Лодан ҳанӯз таъйид нашудааст


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, наметавонад, билофосила тасдиқ кунад, ки навори нави нашр шуда аз Бен Лодан аслист ё на? Дар ин навор Усома Бен Лодан талош барои инфиҷори ҳавопаймои озими Амрико дар рӯзи милоди масеҳро ситоиш мекунад. Девид Акселрод – мушовири Кохи Сафед, ба Си Эн Эн гуфт, агарчӣ наметавонад, аслӣ будани наворро таъйид кунад, аммо паёми он боз ҳам тавҷеҳ кардани қатли оммавии мардуми бегуноҳ аст. Дар навори садоие, ки имрӯз телевизиони Ал-Ҷазира нашр кард, гӯяндааш ба Амрико таҳдид мекунад, ки алайҳи он ҳамлаҳои бештаре сурат хоҳад гирифт. Дар ин навор ҳамчунин Умар Форуқ Абдудмутталиб шаҳрванди Нигерияро, ки зимни ҳамлаи нофарҷом дар ҳавопаймо дастгир шуд, “қаҳрамон” мехонанд. Дар ин навор ба Амрико таҳдид мешавад, то замоне, ки Амрико аз Исроил ҳимоят мекунад, алайҳи он ҳамла хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG