Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе сабти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ба поён расидааст. Аммо аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, то кунун номзадҳои онҳо имкони мулоқоти мустақим бо мардумро дар пойтахт пайдо накардаанд.

Намояндагони аҳзоб иддао доранд, бо вуҷуди он ки номзадҳои онҳо сабти ном шуда ва шаҳодатномаи номзад ба вакилии порлумонро ба даст овардаанд ва ба ин тартиб, ҳаққи қонунии таблиғро соҳиб шудаанд, амалан натавонистаанд, мулоқотҳои худ бо мардумро баргузор кунанд. Зеро, мегӯянд ин номзадҳо, ҳавзаҳои инфиродии шаҳри Душанбе ҷадвали таърих ва макони баргузории мулоқотҳоро тартиб надодаанд. Дар ҳоле, ки аз сабти номи номзадҳо ҳудуди панҷ рӯз сипарӣ мешавад ва панҷ рӯзи худро дар таблиғ онҳо аз даст додаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ ва номзади ин ҳизб дар ҳавзаи И. Сомонии Душанбе, мегӯяд, албатта номзадҳо ба вакилӣ бо ташаббуси худ метавонанд, кореро анҷом диҳанд, вале дар пайдо кардани ҷои мулоқот, ки ин ҷойҳо дар ихтиёри муасисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ба мушкил мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, бидуни ширкати ҳавзаи интихоботӣ ташкили ин мулоқотҳо мушкил аст.

Ба гуфтаи номзадҳо, масъулини ҳавзаҳои интихоботӣ дар ҳоли ҳозир саргарми таҳияи ҷадвали мулоқоти номзадҳо бо мардум мебошанд.

Имрӯз, якшанбе, ситодҳои интихоботии аксари аҳзоби сиёсӣ саргарми фаъолият буданд, дар сурате, ки дар ҳавзаҳои интихоботии И. Сомонӣ ва КМИР касе пайдо набуд, ки ба пурсишҳои мо посух бидиҳад. Вале бино ба маълумоте, ки дарёфтем, дар шаҳри Душанбе танҳо як мулоқоти номзадҳо бо мардум он ҳам дар таърихи 21-уми январ дар мактаби шумораи 54, дар ҳавзаи Сино доир шудаасту бас.

Ба назари намояндагони аҳзоби мухолиф ва бархе аз таҳлилгарон, тӯл додани сабти ном аз як сӯ ва аз сӯи дигар ба таъхир андохтани оғози мулоқоти номзадҳо ба мардум, яъне камранг сохтани корзори интихобот дар ҳар кишваре, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар ростои манофеъи ҳизби ҳукумрон қобили арзёбӣ аст. Зеро гарм шудани корзори интихобот ба қишрҳоро бедор ва огоҳ мекунад ва таваҷҷӯҳи бештареро ба муваффақият ва номкомии барномаҳои ҳукумат ҷалб хоҳад кард.

Аммо мақомоти ҲХДТ дар Тоҷикистон чунин иддаоеро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ба таъхир уфтодани оғози мулоқотҳои умумӣ бо мардум ба нафъи ин ҳизб анҷом нашудааст. Мӯсо Асозода, раиси созмони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, то кунун номзадҳои ин ҳизб низ имкони мулоқот бо мардумро наёфтаанд ва аз ҳеҷ имтиёзи зиёдатие дар ин корзор бештар аз аҳзоби дигар бархурдор намебошанд.

Дар ҳоли ҳозир, сабти номи номзадҳо ба интихоботи МН дар Тоҷикистон идома дорад. МН Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 нафари онҳо тавассути ҳавзаи саросарии ҳизбӣ ва 41 нафарашон ҳам тавассути 41 ҳавзаи интифродӣ интихоб мешаванд.

Тавассути ҳавзаҳои инфиродӣ ҳудуди 170 нафар барои сабти ном аснод ироа карда буд, вале танҳо дар чор ҳавзаи шаҳри Душанбе равнади сабти ном комилан анҷом шудааст. Дар ҳавзаҳои дигар сабти номзадҳо ҳамчунон дар ҷараён аст. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон қарор аст дар таърихи 28-уми феврал баргузор шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG