Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди нави Усома бен Лодан ба Амрико


Телевизиони “Ал-Ҷазира” навореро пахш кард, ки дар он Усома Бен Лодан раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида таҳдид мекунад, ки ба зидди Амрико ҳамлаҳрои бештаре анҷом хоҳад дод. Вай ҳамчуннин аз талош барои инфиҷори як ҳавопаймои озими Амрико дар рӯзи Мавлуди Исои Масеҳ ситоиш кардааст. Сухангӯи навор, Умар Форуқ Абдудмутталиб шаҳрванди Нигерияро, ки зимни ҳамлаи нофарҷом, дастгир шуд, “қаҳрамон” меномад. Гӯянда ба Амрико таҳдид мекунад, ки то замоне, ки аз Исроил ҳимоят мекунад, алайҳи он ҳамла хоҳад шуд. Аммо маълум нест, то куҷо гӯяндаи навор Усома Бен Лодан аст, ҳарчанд ин сабт ба сабтҳои пешинаи ӯ монанд мебошад.
XS
SM
MD
LG