Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳавопаймои Эрон имрӯз дар Машҳад оташ гирифт


Як ҳавопаймои мусофибари эронии навъи Туполев имрӯз ҳини фуруд дар фурудгоҳи шаҳри Машҳад оташ гирифт ва дар ин ҳодиса дасти кам 46 нафар осеб дидаанд. Ба гузориши хабаргузории расмии “ИРНА” оташсӯзӣ дар қисмати ақиби ҳавопаймои мутааллиқ ба ширкати “Тобон Эйр” шурӯъ шудааст. Ин ҳавопаймо, ки аз шаҳри Ободон вориди Машҳад шудааст, 157 мусофир ва 13 халабон доштааст.
XS
SM
MD
LG