Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷавони дигареро дар Ҳаитӣ зинда пайдо карданд


Ёздаҳ рӯз баъд аз заминларзаи фалокатбори Ҳаитӣ, наҷотбахшон як ҷавони 24-соларо аз зери як меҳмонхонаи фӯрурехта зинда пайдо карданд. Ин ҷавон гуфтааст, ки бо нӯшидани Кока Кола аз марг раҳидааст. Бо вуҷуди он ки ҳукумати Ҳаитӣ рӯзи шанбе эълом кард, амалиётҳои ҷустӯҷуӣ ва наҷот хотима ёфт, аммо ҳанӯз ҳам баъзе аз гурӯҳҳои наҷотбахш ба кори худ идома медиҳанд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Ҳаитӣ, заминларзаи ҳафтдараҷаии рӯзи 12 январ бештар аз 200 ҳазор нафарро кушта ва бештар аз се миллион нафари дигарро мӯҳтоҷи сарпаноҳу, доруворӣ, обу ғизо кардааст.
XS
SM
MD
LG