Пайвандҳои дастрасӣ

Қарори "дилрешкунандаи" ҳукумати Ҳаитӣ


Созмони Милали Муттаҳид рӯзи шанбе эълом кард, ки ҳукумати Ҳаитӣ бо тасмими “дилрешкунандае”, корҳои ҷустӯҷу ва наҷоти бозмондагони заминларзаи мудҳиши рӯзи 12 январро хотима додааст. Ду рӯз пеш аз ин қарор, гурӯҳҳои наҷотбахш як зани 84 ва як ҷавони 21 соларо аз зери овори хонаҳояшон зинда пайдо карданд. То кунун гурӯҳҳои байналмилалии наҷотбахш аз замони вуқӯъи заминларзаи 7 дараҷаӣ дар Ҳаитӣ 125 нафарро зинда ёфтаанд. Бар асоси омори ахири ҳукумати Ҳаитӣ, бар асари ин фалокати табиӣ ҷони бештар аз 100 ҳазор нафарро гирифтва ва якуним миллион нафарро бесарпаноҳ гузоштааст.
XS
SM
MD
LG