Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон ё «штрафбат»?


Тағйироти кадрие, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон чанд рӯзи пеш дар як қатор шаҳру навоҳӣ анҷом дод, баҳсу баррасиҳои зиддунақизеро дар пай доштааст.

Аксари раисони барканоршудаи шаҳру ноҳияҳо дар феҳрасти номзадҳои ҳизби ХДТ барои ворид шудан ба парлумон ҷой доранд ва ё аз ҷониби ҳамин ҳизб тавассути ҳавзаҳои инфиродӣ номзад шудаанд. Ба ин тартиб, моҳи январ моҳи тағйиротҳои кадрӣ идома дорад, аммо чиро метавон аз ин ҷобаҷойиҳо интизор дошт?

Аксари ин раисони ноҳияҳо ба далели камфаъолиятӣ танбеҳ мешунаванд, вале ба ҷои барканорӣ ва муҷозот, танҳо ҷойи кори худро иваз мекунанд ва ё ба парлумон фиристода мешаванд ...
Бо имкону нуфузе, ки ҳизби ҳоким дорад, ба боварӣ қавӣ метавон гуфт, ки ин афрод, ки курсии раисии худро аз даст доданд, бар иваз курсии вакилиро ба даст хоҳанд овард. Аз ҷониби дигар ҳам ба ҷои холишудаи ин афрод раисони дигаре тайин шудаанд, ки боз ҳам хеле аз онҳо вакилони собиқи порлумон мебошанд.

Ба ин далел чунин таъиноту ҷобаҷойи кадрҳо чанд маврид нигаронӣ ва вокунишро дар миёни ҷомеа ва маҳофили расонаиву сиёсӣ ба думбол дорад. Яке ин, ки Маҷлиси намояндагон, ба истилоҳ, ба як «баталйони ҷаримавӣ» барои раисони ноӯҳдабаро ё камкор табдил шудааст. Ва ё сиёсати кадрии ҳукумат умдатан аз ҷойивазкунии кадрҳо ё, ба истилоҳи маъмул, «рокировка» ибора аст ва умеде ба беҳбуди вазъи кор аз табдили кадрҳо вуҷуд надорад.

Қироншоҳ Шарифзода, сардабири нашрияи «Ҷомеа», мегӯяд, ки аксари ин раисони ноҳияҳо ба далели камфаъолиятӣ танбеҳ мешунаванд, вале ба ҷои барканорӣ ва муҷозот танҳо ҷойи кори худро иваз мекунанд ва ё ба парлумон фиристода мешаванд. Аз ин ҷоийвазкунӣ ба назари ӯ суде ба нафъи кор нахоҳад буд.

Дар ҳамин, ҳол бархе аз коршиносони дигар мегӯянд, ки давлат бояд аз сиёсати ҷойивазкунии кадрҳои нолоиқи худ даст бардорад. Хосса дар замоне, ки ба мушкили умдаи минтақаӣ дар иҷрои барномаҳои энержии худ рӯбарӯ шудааст.

Аз сӯи дигар Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, раисону мудирони дар кори худ ноком набояд ба порлумон тавсия шаванд. Зеро таҷрибаи нокоми худро ба порлумон низ хоҳанд овард. У мегӯяд, аз ин таҷрибаи номуваффақ бояд даст бар дошт.

Чанд порлумони пешини Тоҷикистон, аз соли 1990 ба ин сӯ, ҳатто порлумони соли 1995, ки «маҷлиси фармондеҳон» низ унвон мешуд, минбари муаррифии шахсиятҳо буд. Сифате, ки дар робита ба парлумонҳои баъдӣ намешавад онро ба сурати комил ба кор бурд.

Ба назари таҳлилгарон парлумони кунунӣ низ ҳамчунон барои бархе нишемани парвоз, барои ҷамъе гурезгоҳ аз таъқиби мақомоти маъмурӣ, вале дар айни ҳол барои гурӯҳе ҳам поёни умри сиёсӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG