Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи муассири тарбияи атфол кадом аст?


Маркази таълимии мавсум ба “Мултикид” мактаби вижаеро ташкил кардааст, ки дар он ба модарони ҷавони тоҷик роҳҳои муассири тарбияи кӯдакони то синни мактабиро меомӯзонанд.

Манзура Ҷураева, сарвари маркази таълимии “Мултикид”, дар сӯҳбат бо “Ояндасоз” гуфт, аввалин таълимгирандагони мактаби модарони ҷавон 15 нафар модарони бемаълумоту хонанишинанд, ки аз хонаводаҳои камбизоат мебошанд. Хонум Манзура мегӯяд, аксари ин занон аз роҳҳои дурусти таълиму тарбияи кӯдак то 6-солагӣ огоҳ набудаанд.

Танҳо 10 дарсади атфоли тоҷик ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд ва аксари дигар кӯдакон дар хона, дар шароите тарбия меёбанд, ки то расидан ба синни мактабӣ ба таҳсил омода нестанд ва ҳатто дар фарқи рангҳо мушкил мекашанд ...
Хонум Манзура меафзояд, имрӯз танҳо 10 дарсади атфоли тоҷик ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд ва аксари дигар дар хона, дар шароите тарбия меёбанд, ки то расидан ба синни мактабӣ ҳам ба таҳсил омода нестанд ва ҳатто дар фарқи рангҳо мушкил мекашанд.

Ба қавли ӯ, бетаваҷҷӯҳии волидон дар ин маврид як омили аслии паст будани сатҳи дониши аксар хонандагони имрӯз аст. Манзура Ҷураева гуфт, “қисми зиёди волидон аз мактабҳои миёнаи имрӯза қаноатманд нестанд ва дар паст будани сифати таълим танҳо мактабро гунаҳкор медонанд. Вале ман фикр мекунам, ин назари яктарафа аст ва мо бояд ҳозир нақши волидайнро боло барем. Ба онҳо фаҳмонем, ки ҳар чӣ қадар барвақт бо кӯдакони худ корҳои омодагӣ ба мактабро шурӯъ кунанд, ҳамон қадар фарзанди онҳо хуб инкишоф ёфта хушзеҳн хоҳанд буд.”

Ба қавли ӯ, ҷалби модарон ҳам ба мактаби вижа чандон осон набудааст. Хонум Манзура мегӯяд, “дар баъзе ҳолатҳо маҷбур мешудем ба онҳо бисёр фаҳмонем, аз шавҳар ва хушдоманҳояшон иҷозат пурсем. Вале вақте онҳо давраҳои омӯзиширо гузаштанд, аксарият иқрор шуданд, ки ба онҳо хеле ва хеле муфид буд.”

Розия Назарова, модари 27- солае, ки соҳиби 2 фарзанд ва дар интизори тифли саввумаш аст, яке аз занони камшумор будааст, ки бо майли худ ва бо машварати шавҳараш барои омӯзиши роҳҳои дурусти инкишофи кӯдак ба мактаби модарони ҷавон омадааст. Вай мегӯяд, то имрӯз ӯ дар тарбияи кӯдакони хурдсолаш аксаран аз муносибати дурушту дағал кор мегирифт, вале акнун мегӯяд, ӯ дарк кардааст, ки бо ин роҳ наметавон тифлро дуруст тарбия кард.

Хонум Розия дар сӯҳбат бо мо гуфт, “нигоҳубин ва тарбияи кӯдак то 3-солагиаш бисёр мушкил будааст. Мо инро намедонистем. Бисёр якравӣ мекунад, мехоҳад ҳама хоҳишҳояш иҷро шавад, вале мо инро, ки намедонистем, асабӣ мешудем, ҷанг мекардем ва мезадем. Вале модар бояд баръакс бо роҳи хуб ва иҷрои хостаҳои кӯдак ӯро ба роҳи дуруст тарбия мекардааст.”

“Мактаби модарони ҷавон”дар доираи лоиҳаи маркази таълимии “Мултикид” роҳандозӣ шуда, бо занони ҳомиладор,модарони ҷавон ва ҳамчунин бевосита бо худи атфоли то 6-сола кор мебаранд. Дар маркази мазкур бо пардохти ҳаққи хидмат модарон метавонанд кӯдакони худро бо барномаҳои муосире мисли омӯзиши компютер, забонҳои англисӣ ва русӣ пурра ба мактаб омода кунанд.

Ба қавли хонум Ҷураева, як мушкили дигар дар роҳи таълими кӯдакони то синни 6 ва рушди ақливу ҷисмонии онҳо феълан набуди китобу ашёҳои вижа аст, ки ба онҳо дар ошноии муҳит ва рушди ҳамаҷонибаи ӯ кумак кунад.

Вай мегӯяд, “масалан барои фарқ кардани рангҳо, омӯхтани ҳайвонҳои хонагӣ ва ваҳшӣ, шинохтани аъзоёни оила бояд китобҳои махсус бошад. Ҳоло ҳастанд падару модароне, ки барои таълим кӯдакони худро назди мо меоранд ва мебинем, ки кӯдак 6-сола аст, вале суханронӣ, фикрронӣ ва огоҳиаш аз шинохти муҳити худ хеле маҳдуд аст.”

Вале дар маҷмӯъ ба гуфтаи Манзура Ҷураева, соли аввали зиндагии кӯдак асоси ояндаи инкишофи ӯст. Тарбияву нигоҳубини кӯдак ин санъатест, ки ҳамеша барои он модарон бояд дар паи омӯзиш бошанд ва бештар бо бозичаҳои мухталифи инкишофдиҳанда, китоб ва мусиқӣ дар рушди ақлонии тифли худ мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG