Пайвандҳои дастрасӣ

Бандера қаҳрамони миллии Украина эълом шуд


Виктор Юшченко – раиси ҷумҳури Украина, Степан Бандера як чеҳраи баҳсбарангези замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввумро, қаҳрамони миллии Украина эълом кард. Виктор Юшченко рӯзи ҷумъа гуфт, Степан Бандера ба хотири дифоъаш аз ғояҳои миллӣ ва мубориза барои Украинаи соҳибистиқлол сазовори чунин унвон аст. Степан Бандера дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, раҳбари Нерӯҳои Миллатгарои Украина буд, ки ҳам ба зидди артиши Олмони фашистӣ ва ҳам артиши Шӯравии собиқ меҷангид. Аз ин рӯ ӯро мардуми ғарби кишвар қаҳрамон ва мардуми шарқи русгарои кишвар, хоин медонанд. Степан Бандераро сарбозони олмонӣ соли 1941 дастгир карданд ва дар соли 1959 вай аз тарафи ҷосуси КГБ дар Олмон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG