Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини раиси ҷумҳури Амрико дар Ироқ


Ҷо Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико дар шаҳри Бағдод буд, то бо мақомоти Ироқ доир ба интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ дар ин кишвар гуфтӯгу кунад. Маҳрум кардани афроди зиёде аз ҳаққи ширкат дар интихобот нигарониҳоро доир ба баргузории интихоботи моҳи март афзудааст. Мақомоти интихоботии Ироқ садҳо нафарро, бо иттиҳоми иртибот ба Ҳизби Баъси Саддом Ҳусайн аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум намуданд. Қарор аст, Ҷо Байден бо Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазир, Ҷалоли Толибонӣ - раиси ҷумҳур, Айд Ал- Самморай раиси порлумони Ироқ ва Эд Мелкерт - намояндаи махсуси Созмони Милал дар ин кишвар, гуфтӯгу кунад. Антонӣ Блинкен – мушовири амниятии Ҷо Байден гуфт, Амрико итминон дорад, ки “ироқиҳо худашон қодир ба рафъи ихтилофи назарҳояшон” мебошанд. Ҳушёр Зибарӣ - вазири умури хориҷаи Ироқ, ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, муовини раиси ҷумҳури Амрико барои “наҷот додани ҷараёни интихоботӣ” ба Ироқ омадааст.
XS
SM
MD
LG