Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши бемории безурриётӣ дар байни мардикорон


Масъулони бемористонҳои шаҳри Хуҷанд мегӯянд, тайи солҳои ахир дар байни муҳоҷирони кории мавсимӣ бемориҳои мухталиф, аз ҷумла безурриётӣ, меафзояд.

Раҳимҷон Исмоилов як ҷавони 24-сола аст, ки 10 сол боз барои дарёфти кору рӯзӣ роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш гирифтааст. Вай мегӯяд, шароити вазнини будубош, кори вазнини ҷисмонӣ, ғизои нокофӣ дар муҳоҷирати корӣ боиси аз даст додани сиҳҳатии ӯ шудааст ва акнун вай дар бемористони шаҳри Хуҷанд табобат мегирад

Раҳимҷон меафзояд, ӯ дар муддати даҳ соли охир асосан дар сохтмонҳо кор карда, маъмулан бо сементрезиву хиштчинӣ машғул будааст: «Мо дар зимистон ба кори сохтмон машғул будем ва дар маҳалли сохтмон зиндагӣ мекардем. Ҳаво бисёр ҳам сард буд, ҳанӯз тирезаҳо оина надоштанд ва мо онро селофанпеч мекардем».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Муйдин Мамадҷонов, мудири шӯъбаи амрози мардонаи бемористони физиотерапевтии Хуҷанд, солҳои охир бемориҳои хоси муҳоҷирони корӣ зиёд мешавад. Ӯ мегӯяд, баъди бозгашт аз муҳоҷират бисёр ҷавонон бо дардҳои мухталифи марбут ба сармохӯрдагӣ, аз қабили илтиҳоби ғадудҳои ҷинсӣ ва ё дарди гурда, ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, шумори маризони ҷавон ҳоло хеле зиёд аст ва аксари онҳо аз хонаводаҳои камбизоат ҳастанд, ки аз ночорӣ роҳ ба Русияро пеш гирифтаанд.

Ҷаноби Мамадҷонов мегӯяд, «яке аз сабабҳои гирифтории сокинон ба маризии илтиҳоби ғадудҳои ҷинсӣ ва ё, ба истилоҳ, «хронический простатит» аз шароити вазнини будубош дар ҳарорати сардӣ аст, ки бештар ин дар миёни муҳоҷирон ба назар мерасад. Вақте ки ин ҷавонон ба муҳоҷирати кишварҳои дурдаст махсусан Русия мераванд, албатта шароити кору зиндагӣ дар ҳарорати сард ин маризӣ ба аксари ҷавонон сироят мекунад».

Вай меафзояд, яке аз пайомадҳои ҷиддии ин гуна бемориҳо безуриётии мардон буда метавонад: «Дар шӯъбаи амрози мардонаи беморхонаи физиотерапевтии Хуҷанд дар тӯли соли 2009 беш аз 800 бемор қабул шудаанд, ки аз ин миқдор беш аз 600 нафар бо бемории илтиҳоби ғадуди ҷинсӣ (простатит) ва 160 нафар бо бемории безурриётӣ бистарӣ шудаанд. Ҳафтод дарсади онҳо ҷавонони 25-40 солаанд».

Омори расмӣ ҳокист, ки дар тӯли солҳои 2008-2009 аз вилояти Суғд ба Русия 270 ҳазор нафар бо ҳадафи кор муҳоҷират кардаанд. Вале бино сарчашмаҳои ғайрирасмӣ, шумори воқеии мардикорони суғдӣ дар беруни кишвар ба маротиб бештар аст.
XS
SM
MD
LG