Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаҳои нодир дар Ҳаитии вайрону валангор


Пас аз даҳ рӯзи заминларзаи мудҳиш дар Ҳаитӣ, гурӯҳи наҷотбахши Исроил як ҷавони 21 соларо аз зери овори хонааш дар пойтахт, шаҳри Порто Принс зинда берун овардаанд. Бо вуҷуди башиддат кам шудани оби баданаш, ин ҷавон дар вазъи хубе қарор доштааст. Дар ҷойи дигар дар рӯзи ҷумъа як зани 84 соларо хешовандонаш зинда берун кардаанд. Кумиссиёни Аврупо мегӯяд, гурӯҳҳои байналмилалии наҷотбахш аз замони вуқӯъи заминларзаи 7 дараҷаӣ дар Ҳаитӣ то кунун 125 нафарро зинда ёфтаанд, вале бо гузашти замон умедҳо барои пайдо кардани бозмондагони заминларза камтар мешавад.
XS
SM
MD
LG