Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти саросарии Туркия ба зидди ифротгароён


Маъмурони амниятии Туркия амалиёти саросариеро ба зидди тундравони мазнуни марбут бо Ал-Қоида оғоз карда ва 120 нафарро боздошт кардаанд. Амалиёти мазкур шоми ҷумъа ҳамзамон дар 16 вилояти Туркия сурат гирифтааст. Йени Шафақ – як рӯзномаи туркӣ ҳамин ҳафта гузориш дод, пулиси Туркия як навореро мусодира кардааст, ки ифротгароёни турки аъзои Ал-Қоидаро дар пойгоҳҳои Толибон дар Афғонистон намоиш медиҳад. Дар он навор гӯё тарҳи ҳамла ба сарбозони Туркия дар Кобул ва ҳамла ба пулис дар дохили ин кишвар дида мешавад. Рӯзнома манбаъи хабари мазкурро зикр накардааст.
XS
SM
MD
LG