Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Сергей Лавров дар мавриди Эрон


Сергей Лавров – вазири умури хориҷаи Русия, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кард, дар эъмоли таҳримоти нави байналмилалӣ алайҳи Эрон шитоб накунад. Сергей Лавров гуфт, Русия хоҳони “иқдомоти созандае аз тарафи Эрон аст” ва возеҳ кардааст, ки аз рад шудани созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии Созмони Милал ҷиҳати ғанисозии ураниуми нохолиси Эрон дар Русия ва Фаронса нохурсанд аст. Кишварҳои Ғарбӣ мехоҳанд, то ба зидди Эрон, ки аз талабҳои Созмони Милал барои боздоштани ғанисозии ураниум сарпечӣ мекунад, таҳримоти нав эъмол шавад. Талошҳои ахири онҳо дар ин замина ба мухолифати Чин рӯ ба рӯ шудааст, ки возеҳ кардааст, мухолифи таҳримоти нав алайҳи Эрон мебошад.
XS
SM
MD
LG