Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон танҳо 5 234 нафар афв шудаанд


Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод, ки бар пояи Қонуни афви соли гузашта, ки ба муносибати 15-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар ва Соли Имоми Аъзам эълон шуда буд, 5 ҳазору 234 нафар афв шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки пешбинӣ мешуд, бино ба Қонуни афв наздик ба 10 000 нафар ё аз маҳбас озод мешуданд ва ё мӯҳлати ҳабси онҳо коҳиш меёфт. Сарони вазорати адлия дар нишасти хабарии худ сабабҳои қариб 40 дарсад коҳиш ёфтани шумораи афвшудагонро шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG