Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Осиёи Марказӣ теъдоди донишҷӯёни макотибу мадрасаҳои исломӣ, хам дар дохил ва ҳам дар хориҷи минтақа, рӯ ба афзоиш овардааст.

Волидайн бо ин эътиқод, ки таълими исломӣ дар ташаккули афкори донишҷӯён таъсири мусбат дорад, фарзандони худро дар мактабҳои мазҳабӣ номнавис мекунанд. Аммо мақомоти кишварҳои минтақа аз он нигаронанд, ки таҳсили бе назорат дар мадрасаҳои хориҷӣ ноболиғонро ба гурӯҳҳои тундрав наздик мекунад ва ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси ватандории онҳоро комилан тағйир медиҳад.

Мухтор Юсуфбеков, як шаҳрванди Қирғизистон, аз он ки фарзанди худро барои таҳсил ба Миср фиристодааст, пушаймон нест. Ӯ мегӯяд, писараш Муҳаммад талабаи мактаби русӣ буд, аммо ҳамеша орзу дошт, то дар мадрасаи динӣ таҳсил кунад ва қироати Қуръонро ёд бигирад. Азбаски, муҳити Қирғизистон барои таҳсили Муҳаммад мувофиқ набуд, волидайн ӯро ба яке аз мадрасаҳои Миср фиристоданд. Мадрасае, ки Муҳаммад дар он бо ду забон - арабиву англисӣ таълим мегирад. Мухтор Юсуфбеков аз писари худ ифтихор дорад ва умедвор аст, ки Муҳаммад ба Қирғизистон ҳамчун як мусалмон ва инсони комил баргардад.

Теъдоди волидайне, ки мехоҳанд бачаҳои онҳо дар мадрасаҳои исломӣ таълим бигиранд, дар Осиёи Марказӣ кам нестанд. Ин раванд махсусан дар Тоҷикистон ва Қирғизистон рушд кардааст. Бисёре аз бачаҳо дар мактабҳои динии кишварҳои худ таҳсил мекунанд. Барои намуна, Қирғизистон 25 мадрасаи расмӣ ва ҳудудан 3000 донишҷӯ дорад. Дар ин кишвар ҳамчунин донишгоҳҳои исломӣ низ муҳассилинро бо таҳсил фаро гирифтаанд. Тоҷикистон 20 мадрасаи расмии мазҳабӣ ва як донишгоҳи исломӣ дорад.

Дар баъзе ҳолатҳо, волидайн мисли Мухтор Юсуфбеков ба таҳсили бачаҳои худ дар мадрасаҳои расмӣ бартарӣ медиҳанд. Муфтии Қирғизистон Муродалӣ Ҷумон Ӯғлу теъдоди донишҷуёни мазҳабии қирғиз дар хориҷи кишварро 400 нафар арзёбӣ мекунад. Инҳо донишҷӯёнеанд, ки бо миёнҷигии давлат дар хориҷ таҳсил мекунанд.

Аммо бархеи дигар бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва барои давлат ноошно ба мадрасаҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ шомил мешаванд. Мактабҳое, ки хатманкунандагони тундхӯи онҳо дар бисёр ҳолатҳо бо эҳсоси нафрат ба низоми дунявӣ ба Осиёи Марказӣ бармегарданд.

Теъдоди донишҷӯёнеро, ки бидуни огаҳонидани давлат дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил доранд, мушаххас кардан душвор аст. Матбуоти минтақавӣ менависад, танҳо аз як Тоҷикистон ҳадди ақал 4 ҳазор донишҷӯ дар мадрасаҳои мазҳабии Покистону Эрон ва давлатҳои арабӣ таҳсил мекунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Покистон гуфтааст, то 300 тоҷик дар мадрасаҳои Покистон мехонанд, ки ҷавонтарини онҳо 10 сол доранд.

Сомонаи интернетии Centrasia.ru менависад, дар минтақа гурӯҳҳои мазҳабие амал мекунанд, ки маъмулан дар пайи писар ва духтарҳои ҷавон мегарданд. Дар пайи онҳое, ки ба таълим дар мадрасаҳои мазҳабӣ шавқу ҳавас доранд. Сомона теъдоди онҳоро ҳазорон нафар мегӯяд ва меафзояд, ба эҳтимоли қавӣ зеҳни ин бачаҳо бо идеологияи террористиву тундгароӣ олуда мешавад.

Дипломатҳои тоҷик ин иддаоро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, бахши бузурги донишҷӯёни мазҳабӣ бо роҳи ғайриқонунӣ, аз тариқи Эрону Афғонистон вориди Покистон мешаванд.

"Вазъ аз он ҷиҳат нигаронкунанда аст, ки аксари бачаҳо дар мадрасаҳои зеризаминӣ ё мактабҳои мазҳабӣ таҳсил мекунанд, ки барои фаъолият иҷоза надоранд”. - гуфт сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. “Ҳангоме, ки шумо бо ин мардҳои ҷавон сӯҳбат мекунед”, меафзояд ҷаноби Зубайдов, “ба зудӣ эҳсос мекунед, ки назар ва дидгоҳи онҳо дар баробари Тоҷикистон ва ҷомеаи Тоҷикистон комилан дигар шудааст.”

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳои покистонии худ талош доранд, ки донишҷӯёни ғайриқонуниро ошкор ва сабтином кунанд ва бархеяшро ба Тоҷикистон баргардонанд. Мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, ки бисёр хатмкунандаҳои мактабҳои мазҳабӣ бо ақоиди тундгароёна ва мавъизаҳои таҳрикдиҳанда ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG