Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳ ба айбдоршудагони пайравӣ аз Салафия


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нахустин гурӯҳи муттаҳам ба узвият дар ҷараёни мамнӯи “Салафия”-ро аз панҷ то ҳафтсолӣ ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ онҳоро тибқи моддаи 189-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне, ангезиши кинаву адовати динӣ ва нақзи қарори Додгоҳи олӣ дар бораи манъи фаъолияти ин ҷараён гунаҳкор донист. Маҳкумшудагон ним сол пеш дар қатори даҳҳо тан аз намозгузорон дар як рейди муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ дар масҷиде воқеъ дар маҳаллаи “Зарафшон”-и шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. Онҳо айбномаи додгоҳро напазируфтанд ва худро бегуноҳ мешуморанд. Салафия як ҷараёни нав дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш дар намозгузорӣ ва шарҳи бархе аз нукоти динӣ бо мусулмонони дигар тафовут доранд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон аввалҳои соли гузашта ин ҷараёнро мамнӯъ эълон кард.
XS
SM
MD
LG