Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабуктар шудани реҷаи интиқоли барқ дар Тоҷикистон


Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон эълом кард, ки аз якуми феврал маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишвар то андозае коҳиш хоҳад ёфт. Ин сабукиро Шералӣ Гул ба тавлиди мӯътадили барқ дар нерӯгоҳи Норак, иниқоли барқ аз Узбакистон ва назорати беҳтар дар тақсими нерӯ марбут донист. Вай гуфт, бар иловаи шаҳрҳои бузургтарини Тоҷикистон, ки 24 соат бо барқ таъминанд, бақия навоҳӣ дар вилояти Суғд, 9 соат ва ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ 8 соат дар шабонарӯз аз неруи барқ бархӯрдор мебошанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар зимистони соли 2007 ва 2008 ба бӯҳрони шадиди энержӣ мувоҷеҳ шуда буд ва сокинони аксари ноҳияҳои кишвар аз истифодаи неруи барқ маҳрум буданд. Инро ҳам бояд афзуд, ки зимистон имсол нармтар омадааст
XS
SM
MD
LG