Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли шикаст дар равобити Арманистон ва Туркия


Вазири умури хориҷии Арманистон ҳушдор дод, ки талошҳои таърихии эҳёи равобит байни Арманистон ва Туркия мумкин аст, фурӯ пошанд. Эдвард Налбандиян дар ин маврид Туркияро масъул донист. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ду тараф шартҳои нави имзои созиши таърихиро пеш мегузоранд ва ҳамдигарро айбдор мекунанд. Моҳи октябри соли гузашта Анкара ва Ереван созишномаеро имзо карданд, ки қарор аст, хусуматҳои марбут ба қатли оми арманиҳо аз тарафи туркҳои усмониро аз байн барад. Аммо ин санад аз тарафи порлумонҳои ду кишвар ба тасвиб нарасидааст.
XS
SM
MD
LG