Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаитӣ 400 000 нафарро мекӯчонад


Ҳукумати Ҳаитӣ эълом дошт, ки мехоҳад, 400 000 аз осебзадагони зилзиларо, ки аз манзили зист маҳрум шудаанд, ба минтақаи дигар кӯчонад. Ин теъдод аз мардум ҳоло дар ҳумаи Порт-о-Пренс манзилҳои муваққатӣ бунёд кардаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, аз вазъи беҳдоштии ин минтақа ва камбуди кӯмак ба офатзадагон дар ташвишанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи бозмондагони заминларзаро қатъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG