Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, мегӯяд, мантиқи нақшаи Лаҳистонро дар истиқрори мушакҳои "Патриот" дар наздикии марзи Русия дар ҷазирақаламрави Калининград намефаҳмад. Иёлоти Муттаҳида ин мушакҳоро пас аз лағви таъсиси сипари зиддимушакияш дар Аврупо ба Лаҳистон дод. Русия ба тарҳи Амрико низ шадидан мухолиф буд. Лаҳистон ин ҳафта гуфт, мушакҳоро дар фосилаи камтар аз 100 километри марзи Русия устувор хоҳад кард.